• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкорёбии 11-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳафтаи сипаришуда
Ошкорёбии 11-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳафтаи сипаришуда

Ошкорёбии 11-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳафтаи сипаришуда

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 5827 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 11 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 58 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 6 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 231 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 151 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 20 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 20 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 155 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 132 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 107 адад;
-Вазъияти хавфнок – 18 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 376 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1390 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 4513 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 11 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ёрмаҳмадов Анас Дилшодович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8588 ВР 01

Болтаев Султонҷон Сиҷоиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-2106, рақами қайди давлатиаш 7367 DO 01

Шамсов Меҳровар Абдулҳафизович – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу, рақами қайди давлатиаш9812 СТ 01

Фатоев Хуршед – ронандаи автомашинаи тамғаи Рено, рақами қайди давлатиаш 2849 НР 01

Ҳасанзода Фирдавс Эшон – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-сиело, рақами қайди давлатиаш 5216 ОD 01

Тоиров Фирӯз Изатуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-2110, рақами қайди давлатиаш 3784 НР 01

Баротов Саидаҳмад Файзалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 2840 ТТ 05

Ҷалилов Абдуҷамил Абдусатторович – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ-520, рақами қайди давлатиаш 6209 НР 01

Қодирзода Аслиддин Султон – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0985 JJ 01

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin