• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқот бо аҳолӣ дар партави Паёми Пешвои миллат
Мулоқот бо аҳолӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

Мулоқот бо аҳолӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

  Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардида буд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар бахшу хадамотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор суҳбату мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ доир намуда истодаанд.
  Илова бар ин, дар ин замина бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ноҳияи Шорҳмансур бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Билол Иброҳим, муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳ.П., сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсат полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ ва бо иштироки беш аз 200 нафар истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Дӯстиии Халқҳо, Чехов ва Нисор Муҳаммад, инчунин раисони кумитаи маҳаллаҳову эмомхатибон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласа баргузор гардид.
  Нахуст раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, сокинони Душанбешаҳрро ба ободкориву созандагӣ даъват намуд. Номбурда иброз дошт, ки имрӯз шаҳри Душанбе торафт зебову шукуфон гашта, баҳри боз ҳам тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни рушди ҷомеа аз сокинонаш масъулияти баланди шаҳрвандӣ тадаб карда мешавад.

  Дар идомаи мулоқоти мазкур муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. зикр намуд, ки дар доираи иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе баҳри ободониву баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва одоби шаҳрнишинии сокинони пойтахт амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» баргузор гардид. Чуноне номбурда таъкид дошт, дар ин раванд бештари аз одатҳои ба халқу миллати тамаддунофари тоҷик бегона, овезон намудани либос дар пештоқи хона, ба истилоҳ (балкон) ва дар ҷойҳои номуайян шуда пардофтани партов аз ҷониби шаҳрвандон бартараф карда шудаанд. Дар ин раванд баҳри решакан намудани чунин амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа аз ҳар як нафар тақозо карда мешавад то бо кормандони милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич ба роҳ монда, дар ҳамбастагӣ пеши роҳи ҳама гуна амалу кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок гирифта шавад.
  Дар идомаи вохурӣ шаҳрвандону фаъолони ҷомеа суханронӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin