• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия
Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

  Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷиш ва сӯҳбату корҳои профилактикӣ доир менамоянд.

  Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
  Дар натиҷаи чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда, ки пайваста аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди пойтахт гузаронида мешавад, шабонарӯзи гузашта низ аз марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 20-нафар ноболиғону ҷавонон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ машғул буданд, ба Шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд. Қобили зикр аст, ки аз онҳо 10-нафар барои оворагардӣ ва 8-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ буда, 2-нафари дигар барои талбандагӣ мебошад. 
  Дар рафти баргузории санҷиши мазкур он ноболиғону ҷавононе, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо ба мақомоти милитсия даъват шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон нисбати як нафар соҳиби маркази интернет-кафе барои надоштани ҳуҷҷатҳои лозима барои фаъолият намудан бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маводҳои мазкур барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд. 
  Бори таъкид кардан ба маврид аст, ки волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон масъуланд, фарзандони худро нагузоранд то вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдори номатлуб кунанд, зеро маҳз ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin