• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкорёбии 13-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ давоми ду ҳафтаи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе
Ошкорёбии 13-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ давоми ду ҳафтаи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Ошкорёбии 13-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ давоми ду ҳафтаи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе

  Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ду ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 8237 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 13 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 50 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 7 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 242 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 265 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 54 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 23 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 142 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 184 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 157 адад;
-Вазъияти хавфнок – 26 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 432 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1635 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 65 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 4214 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, давоми ду ҳафтаи сипаригардида, яъне аз санаи 14-уми январ то санаи 21-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 13 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ҳаитбоев Эркин Наимович– ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, рақами қайди давлатиаш 4840 DD 01

Алиев Аҳмадҷон Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-оптима, рақами қайди давлатиаш 0078 ТТ 05

Абдуллоев Муссо Маҳмадуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4988 ВЕ 03

Абдураҳмонов Абдураҳмон – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 4645 ВС 01

Абдураҳмонов Абдуғаффор Саидкабирович – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-некси, рақами қайди давлатиаш 1813 АН 08

Раҳимов Шаҳзод Ҷамшедович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 5558 НР 01

Холбобоев Рустам Бобохонович – ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21015, рақами қайди давлатиаш 2800 АМ 01

Салимов Хуршед Ҷунайдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21102, рақами қайди давлатиаш 3173 НР 01

Қосимов Саиджон Самижонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 6611 ЕХ 01

Гадоев Разиаллоҳ Саидаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ниссан-Максима, рақами қайди давлатиаш С4441 н

Рашидов Дилшод Фарҳодович – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-ласети, рақами қайди давлатиаш 5487 ТТ 05

Табаров Шариф Саидуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел, рақами қайди давлатиаш 4915 ВА 03

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin