Дуздии 10-адад таҷҳизоти компютерӣ

Дуздии 10-адад таҷҳизоти компютерӣ

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ соҳибкор, марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми декабри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ қулфи дари корхонааш ҶДММ “Алфарид”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакиро шикаста, аз он ҷо 10-адад протсесорҳои компютери тамғаи “Селерон 1.8”-ро, ки арзишашон 10 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуда, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin