Ҳушдор ба ронандагон: Тоза нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт масъулияти шаҳрвандист!

Ҳушдор ба ронандагон: Тоза нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт масъулияти шаҳрвандист!

  Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, махсусан роҳҳои нақлиётгарди пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз ҳар як нафари мо, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиёт масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд. Чунки пойтахт симои давлату миллат буда, ҳар нафари ба кишвари мо воридшуда, аз тозаву озодагии пойтахт ба як миллату давлат баҳо хоҳанд дод.
  Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт рӯз то рӯз куллан дигар шуда, воқеан ба як шаҳри гулҳо мубаддал гардидааст. Дар баробари бинову иншоотҳои замонавӣ роҳҳои дохилишаҳрӣ низ пайваста тармиму таҷдид гашта, ба ҳамлу нақли мусофирону воситаҳои нақлиёт шароити мусоид фароҳам гаштааст.
  Мутаассифона ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе аз ронандагон махсусан воситаҳои нақлиёти боркаше ҳастанд, ки ба тозагии воситаи нақлиёти худ аҳамияти ҷиддӣ надода, бо чархҳои ифлосу бори пошхуранда ва бе пардаи ҳимоявӣ ба кашонидани қуму шағал ва дигар масолеҳи сохтмонӣ машғуланд, ки бо рехтани он дар роҳҳои автомобилгард боиси коста гардидани симои шаҳр мегардад.
  Вобаста ба пешгирии чунин амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои профилактикӣ ва рейду санҷишҳо гузаронида шуда, он ронандагоне, ки ба воситаи нақлиёти боркаши худ бо чархҳои ифлосу борҳои пошхуранда нақлиётги худро идора мекунанд, протоколҳои маъмурӣ ва ҷиҳати минбаъд бартараф намудни чунин камбудӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
  Аз ҷумла, санҷиши навбатӣ нишон дод, ки дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ба оддитарин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, дар баробари бо чархҳои ифлосу воситаи нақлиёти пур аз лой ҳаракат намудан, ҳамзамон бо пур аз бори бошхуранда бе пардаи ҳимоятӣ идора мекарданд. Чунин дағаливу хунукназарӣ аз ҷониби баъзе аз ронандагон аст, ки ба муҳити тозаву экологӣ ва симои пойтахт латма ворид намуда, ҳамзамон роҳҳои нақлиётгарди дохилишаҳриро ифлос мекунанд.
  Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми 8-рӯзи баргузории ин амалиёт дар ҳудуди пойтахт 153 чунин ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати ифлосиву бо бори пошхуранда муайян гардида, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
  Ҳангоми баргузории санҷиши навбатӣ ронандагони воситаҳои нақлиёти зерин барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ ҷаримабандӣ карда шуданд;

Бобозода Илёсиддини Раҳмоналӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хова», аломати қайди давлатияш 278ХН01

Ходжаев Мансур Ибодуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Зил», рақами қайди давлатияш 8915АХ01

Хоҷаев Умаралӣ Қурбоналиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Экскватор», аломати қайди давлатияш 0178ТА01

Шарипов Мирзошо Саидшоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «М/Актрос», аломати қайди давлатияш 322ХВ07


Холмуродов Баҳрулло Қосимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хова», аломати қайди давлатияш 2163OD01

Муминов Илҳомҷон Абдуҳалимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ГАЗ-3507», аломати қайди давлатияш 7519СР 01

Ҳамидов Имомиддин Сироҷиддинович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Долун», аломати қайди давлатияш 6521ВМ01

Амонов Даврон Саймухторович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «SHACMAN», аломати қайди давлатияш 057ХР01

Сафаров Файзулло Аҳмадуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Долун», аломати қайди давлатияш 2960ЕЕ01

Холов Олим Ҷамолиддинович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Шанг-Донг», аломати қайди давлатияш 765ХВ01

  Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эҳтиромона аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш талаб менамояд, то дар тозаву озода нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётгарди пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе саҳмгузор бошанд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin