Ошкорёбии 7 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Ошкорёбии 7 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

  Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3779 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. 
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 3 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 65 адад;
-Истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 92 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 12 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 14 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 67 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 93 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 89 адад;
-Вазъияти хавфнок – 12 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 216 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 749 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2372 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Солиев Шуҳрат Маҳмадносирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тосса», рақами қайди давлатиаш 5505ТТ05

Одинаев Одинааҳмад Қурбоналиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната», рақами қайди давлатиаш 7673НА01

Сарашоев Исматулло Носимшоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ниссан», рақами қайди давлатиаш 911ZЕ01

Мирзомуддинзода Давлатшои Раҳматшо – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 7757РР01

Раҷабов Исмоил – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 3536DO03

Файзуллоев Фахриддин Файзуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7085НР01

Бакиев Фарҳод Сайдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 5707ТТ05

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin