• Home »
  • ХАБАР »
  • Идомаи ошкорёбии боз 35 ҳолати силсиладуздиҳо: Вобастагӣ ба бозиҳои компютериву марказҳои букмекерӣ ҷавононро ба ҷинояткорӣ бурд
Идомаи ошкорёбии боз 35 ҳолати силсиладуздиҳо: Вобастагӣ ба бозиҳои компютериву марказҳои букмекерӣ ҷавононро ба ҷинояткорӣ бурд

Идомаи ошкорёбии боз 35 ҳолати силсиладуздиҳо: Вобастагӣ ба бозиҳои компютериву марказҳои букмекерӣ ҷавононро ба ҷинояткорӣ бурд

  Гарчанде аз таъсири бади бозиҳои компютерӣ ва марказҳои букмекерӣ ба руҳу равони ноболиғону ҷавонон пайваста ҳушдор дода шавад, ҳам вале мутаассифона ҳастанд нафароне, ки бо гумони ба даст овардани маблағ вобастаи марказҳои букмекерӣ шудаанд. Чунин вобастагӣ бархе ҷавононро барои ба бозии он шомил шудан ба роҳи ҷиноят бурда аз роҳи дуздӣ маблағ ба даст оварда сарфи чунин марказҳо кардаанд.
  Аз ҷумла зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти милитсияи пойтахт се нафар ҷавонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсила ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.
  Инҳо шаҳрвандон Қосимов Алишер Шералиевич соли таваллудаш 1996, Раҷабов Парвиз Негматуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Сайфуддинов Ҳайдаралӣ Нуралиевич соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд. Номбурдагон бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ва шомил шудан ба бозиҳои букмекериву марказҳои компютерӣ, маслиҳати шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон ва рабудани маблағу телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро намуда, асосан шабона ба ин кор даст задаанд.


  Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, номбурдагон шаби 15-уми декабри соли ҷорӣ бо шикастани тирезаи автомашинаи шаҳрванд Абдураззоқов Абдулло, ки дар назди бинои баландошёнаи кӯчаи Клагенфурт меистод аз дохилаш як адад компютери тамғаи «Самсунг» ва дигар таҷҳизотҳои компютериро, ки дар маҷмӯ 4600 сомонӣ арзиш доранд, рабудаанд.
  Ҳамзамон номбурдагон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз дохили автомашинаи шаҳрванд Раҳимов Файзиддин, ки дар назди манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов меистод оинаашро шикаста ду адад телефони мобилӣ ва маблағҳои пулии номбурдаро ба яғмо бурдаанд.


  Мавриди зикр аст, ки дар кирдори содирнамудаи номбурдагон бори дигар собит гашт, ки беҳудагардии шабона ва машғул шудан бабозиҳои компютериву вобастагии марказҳои букмекерӣ ин ҷавононро ба роҳи хато ва содир намудани ҷиноят бурд.
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар содир намудани 35 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
  Айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin