Боздошти ду нафар ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ

Боздошти ду нафар ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ

  Ташкили пойгаи ғайриқонунӣ ва бо суръати баланду сабқати нодуруст идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби баъзе аз ронандагон дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ меанҷомад. Вобаста ба ошкору пешгирии чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста рейду санҷишҳо ва чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд.

  Мавриди зикр аст, ки баъзе аз ронандагони кӯтоҳандешу сабукфикр шабона дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, дар баробари вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамзамон бо ин кирдорашон ҷони худ ва иштирокчиёни дигари ҳаракати роҳро дар хатар мегузоранд. 
  Чунончӣ, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки дар вақти шабона ду нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 0464 ЕЕ 01 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», аломати қайди давлатиаш 1518 НА 01 дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади муайяну боздошт намудани соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 0464 ЕЕ 01 шаҳрванд Забиров Фаридун Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», аломати қайди давлатиаш 1518 НА 01, шаҳрванд Қурбонов Маъруфҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат буда, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. 
  Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат дастгиршудагон шаби 10-уми январ тахминан соати 00:30 дақиқа аз чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ – Мирзобек ба самти чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ – С.Вализода пойгаи автомобилӣ ташкил намуда, воситаҳои нақлиёти худро бо суръати баланд идора ва оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд. 
  Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳарду автомашина дар ҷаримагоҳи БДА қарор дошта, нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ронандагонро ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониби риоя намуда, бо як лаҳзаина дилхушӣ ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро зери хатар нагузоранд.

Иқтибос аз моддаи 326 иловаи 1-и Кодекси ҳуққвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 326 иловаи 1. Ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ва идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ
(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1518)

1. Барои ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, инчунин, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт ҷиҳати иштирок дар чунин пойгаҳо, ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Эзоҳ: Пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ – пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1518).

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin