• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф карда мешавад: Баргузории амалиёти шартии «Истгоҳ»
Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт  бартараф карда мешавад: Баргузории амалиёти шартии «Истгоҳ»

Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф карда мешавад: Баргузории амалиёти шартии «Истгоҳ»

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад.
  Аз ҷумла, дар доираи иҷроиши Нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз санаи 10-ум то 20-уми декабри соли равон бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истодан ва таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти шахсӣ, аз ҷумла таксиҳои мусофиркашон ва афзалият додан ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ (мусофиркашони ҷамъиятӣ) амалиёти мақсаднок бо номи шартии «Истгоҳ» ташкил ва гузаронида мешавад.
  Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар дохил ва ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, ки чунин истгоҳҳо маҳз барои нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ хизматрасонӣ мекунанд, таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
  Чунончӣ, бенизомиву бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар истгоҳҳои ҷамъиятӣ дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти маршрутии ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.
  Тибқи таҳлилҳои оморӣ, танҳо дар давоми 6-рӯзи амалиёти шартии «Истгоҳ» нисбати 410 нафар ронандагоне, ки талаботи банди 145 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар нуқтаҳои истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод намуда, боиси ба миён омадани тамбашавӣ мегардиданд, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Чуноне зимни баргузории ин амалиёт мушоҳида гардид, баъзе аз ронандагон воситаҳои нақлиёти шахсиашонро дар истгоҳҳо бе назорат гузошта рафтаанд, ки аз ҷониби нозирони роҳ 58 чунин ҳолат ошкор карда шуда, чунин воситаҳои нақлиёт ба воситаи автомашинаҳои махсуси таҳвилӣ (эвакуатор) ба ҷаримагоҳи БДА дастрас карда шуданд.
  Сипас баъди дастраснамоӣ нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ доданд, парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд. Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағалона вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Шарифов Маҳмадулло Шодиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота -Лендкрузер», рақами қайди давлатияш 9990 ВК 01

Ғуломайдаров Ифтихор Мамлукович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамаи қайди давлатияш 1644СР01;

Муродов Бахтиёр Субҳонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 7699ТТ05

 

Гулов Алишер Гурезович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш 6388ТТ05

Каримов Зоҳирҷон Файзалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 4349ТТ05

Набиев Абдулло Абдулқосимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Каролла», рақами қайди давлатияш 7523ТТ05

Камолов Мусулмонқул – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 3500АН 07

Камолов Эмомалӣ Саидалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 6281DО 01

 

Абдуллоев Рустам Хайруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 7468ТТ05

Зарипов Ширин Маҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- Бенс», рақами қайди давлатияш 1942НР01

Ҳакимҷонов Илҳомҷон Баҳодурович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 7591ТТ05

Зайдуллоев Мирзо Собирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 5027СВ 01

Норов Ориф Шарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Саманд», рақами қайди давлатияш 1041НР 01

  Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар истгоҳҳо ва ҷойҳои номуқаррагардидаи манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.
  Илова бар ин, БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душнабе иттилоъ медиҳад, ки айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ғайр аз амалиёти шартии «Истгоҳ» боз дигар чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои гузоштани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои номуқарраргардида баргузор гардида истода, дар сурати пайдо гардидани чунин ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракати роҳ бо воситаи автомашинаҳои хизматии БДА (эвакуатор) ба майдончаҳои ҷаримавии БДА дастрас карда мешаванд.
  Дар робита ба ин, аз сокинони пойтахти кишвар эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати шоҳиди чунин қоидавайронкунӣ гардидан, тавассути телефонҳои мобилӣ расми воситаи нақлиётро гирифта ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:
Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin