• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи беш аз 420-ҳазор дона маводҳои пиратехникӣ
Мусодираи беш аз 420-ҳазор дона маводҳои пиратехникӣ

Мусодираи беш аз 420-ҳазор дона маводҳои пиратехникӣ

  Бо фаро расидани Соли нави мелодӣ, хариду фурӯш ва истифодаи маводҳои тарфгарӣ, ки бо садои гушхарош оромии шаҳрвандонро халалдор месозад аз ҷониби баъзе аз нафарон ба мушоҳида мерасад.
  Гарчанде мувофиқи қонунгузории кишвар воридот ва мавриди истифода қарор додани маводҳои тарфгарӣ манъ гардида бошад ҳам мутаассифона, дар ҷомеа баъзе аз тоҷирону соҳибкороне ҳастанд, ки манфиатҳои худро аз талаботҳои қонунҳои амалкунанда боло гирифта ба муомилоти ғайри қонунии он даст мезананд.
  Вобаста ба ин кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии чунин маводҳои тарканда, ки метавонад истифодаи он барои ҷомеа хавф дошта бошад, корҳои фаҳмондадиҳию оперативиро ба роҳ монда шахсоне, ки ба фурӯш ва истифодаи ин воситаиҳои тарфгарӣ даст мезананд дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.
  Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми 25-рӯзи моҳи декабри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар 12-ҳолат ба миқдори 420-ҳазору 990-дона маводҳои пиратехникии гуногунтамғаро аз муомилот боз дошта, нафарони гумонбарро дастгир намуданд.
  Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни адои хизмат дар дидбонгоҳи Чорбоғ ҳангоми кофтуков аз бағоҷи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» аломати қайди давлатияш 4145тт05, ки ба шаҳрванд Розиқов Маҳмадҷон соли таваллудаш 1973 тааллуқ дорад 5-адад қуттӣ, ки дар дохилашон воситаҳои пиратехникӣ буданд дарёфту мусодира карда шуд.


  Муайян гардид, ки ин маводҳои тарфгариро шаҳрвандон Исмоилов Саъдӣ соли таваллудаш 1993, Назаров Самандар соли таваллудаш 1998 ва Мараҳимов Ҷомӣ соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ аз шаҳри Хуҷанд харидорӣ намуда, мехостанд ба шаҳри Кулоб интиқол дода, бо фурӯши он маблағ ба даст оранд.
  Аз номбурдагон наздики 119 500 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.


  Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино низ як ҳолати муомилоти ғайри қонунии маводҳои пиратехникӣ ошкор гардида, ба миқдори 54-ҳазор дона маводҳои пиратехникии гуногунтамға дарёфту мусодира карда шуд.
  Ҳоло нисбати далелҳои мазкур мутобиқи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо зикри далели мазкур аз тоҷирону соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи ҳатмии қонунҳои амалкунандаро ҷиҳати пешгирии воридоту фурӯши маводҳои пиратехникӣ риоя намоянд.
  Илова бар ин, аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то фарзандони худро зери назорати қатъӣ қарор дода, нагузоранд бо истифода аз чунин маводҳои пиратехникии таркандаи гушхарош фазои осоиштаҳолии сокинону меҳмони пойтахти азизамон шаҳри Душанберо дар рӯзҳои иду ҷашн халалдор созанд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin