• Home »
  • ХАБАР »
  • Роҳзании донишҷӯ ва ҳаммаслакаш бо истифода аз электрошок ва ниқоб
Роҳзании донишҷӯ ва ҳаммаслакаш бо истифода аз электрошок ва ниқоб

Роҳзании донишҷӯ ва ҳаммаслакаш бо истифода аз электрошок ва ниқоб

  Шоми 30-юми ноябри соли равон ба қисми навбатдории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба сарзадани ҷинояти роҳзанӣ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабари телефонӣ ворид гардид. Баҳри ошкору муайян намудани сабабу омилҳои ба содиршавии ҷинояти роҳзанӣ мусоидаткунанда ва дастгирнамоии ҷинояткорон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи бахши оперативии милитсияи пойтахт ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, бо мақсади ошкорнамоии ҷинояти содиршуда роҳу усул ва методҳои оперативӣ истифода бурда шуд.
  Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ду нафар ҷавони ниқобпӯш бо таҷҳизоти электрикии «электрошок» мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора Бегматовна соли таваллудаш 1959 ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату куб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд.


  Дар ҳолати вазнин содир гардидани ҷинояти мазкур ва дар рӯй ниқоб доштани нафарони ҷиноятпеша, баҳри ошкору муайянсозии он аз кормандони милитсияи пойтахт маҳорати баланди оперативӣ-тафтишотиро талаб мекард.
  Баргузории якчанд чорабиниҳои оперативӣ ба кормандони милитсияи пойтахт даст дод, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯи ин ҷинояти вазнини муқобили саломатӣ равонагардида бардошта шавад. Зимни амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзании мазкур шаҳрвандон Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич соли таваллудаш 1997 донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шуданд.


  Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ баҳри ба даст овардани маблағи калони пулӣ, дар рӯй ниқоб пӯшида, бо таҷҳизоти техникии «электрошок» мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабеви н. Фирдавсӣ ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович соли таваллудаш 1955 ва духтараш Чекушина Юлия соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии «электрошок» ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд.


  Гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200-сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти биҷутериро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.
  Бо дастрасии далелҳои зикргардида, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin