• Home »
  • ХАБАР »
  • Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе
Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе

Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе

  Сиёсати хориҷӣ ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои ба имзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.

  Дар баробари дигар соҳаҳо дар ин замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расонидашуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишварҳои ҳамдигар бароҳмондашуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.
Дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санаи 1-уми ноябри соли ҷорӣ як ҳайати калони намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су бо сафари расмии ҷавобӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

  Дар доираи ин сафар санаи 2 ноябр дар толори муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» мулоқоти сатҳи баланди роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро муовини сардори Демартаменти мазкур оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҷаноби Тсзян Пин ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон роҳбарӣ намуданд.

  Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои бароҳмондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишвар, табодули таҷриба оиди мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва раванди террористиву экстримистидошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
  Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ташкил ва ба роҳ монда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin