• Home »
  • ХАБАР »
  • Коҳишёбии амалу кирдорҳои номатлуб: Натиҷаи вобаста шудани кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии пойтахт
Коҳишёбии амалу кирдорҳои номатлуб: Натиҷаи вобаста шудани кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии пойтахт

Коҳишёбии амалу кирдорҳои номатлуб: Натиҷаи вобаста шудани кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии пойтахт

  Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарғиби ватандӯстиву эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дар ин замина пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти милитсияи пойтахт тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. 

  Аз ҷумла, дар доираи нақша-чорабинӣ ва фармоиши махсуси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, таҳти №51 аз 23-юми феврали соли 2018 кормандони милитсияи пойтахт ба тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вобаста гардидаанд. Ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба муассисаҳои таълимии вобастагардида кормандони милитсия ташриф оварда, дар басти аввал бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯрии судманд доир менамоянд. 


  Мавриди зикр аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ҳамчун «Рӯзи муассисаи таълимӣ» эълон гардида, дар баробари назорати сатҳи таълиму тарбия, ҳамзамон кормандони милитсия бо вохӯриву суҳбат ва корҳои профилактикӣ аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ пешгирӣ менамоянд. Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок ва махсусан муноқиша ва задухурдҳои гурӯҳии мактаббачагон пешгирӣ хоҳад кард.
  Зимни баргузории ин мулоқоту суҳбатҳо дар муассисаҳои таълимӣ, кормандони милитсия дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақамҳои дақиқ суханронӣ намуданд. 


  Аз ҷумла, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Иброҳимов Баширхон дар вохӯрӣ бо муҳассилини литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи таълимии №54 ноҳияи Синои пойтахт зикр намуд, ки дар давоми 10-моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани рейду санҷишҳо дар марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки дар нимашабӣ ноболиғон бе назорати волидайн машғули амалу кирдорҳои номатлуб буданд, барои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ намудан нисбати таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати волидайни онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст. 

  Дар идомаи вохӯрии мазкур директори МТМУ №54 Худойназарова Дилбар суханронӣ намуда, иқдоми мақомоти милитсияи пойтахтро ҷиҳати панҷшанбеи ҳар ҳафта ба муассисаи таълимӣ ташриф овардани кормандони мақомоти милитсия баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ пуштибонӣ намуд.
  Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ гардида, кормандони мақомоти милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд.


  Гарчанде аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, ба таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин омил оқибат ба сар задании қонуншиканиву ҷиноятҳои гушношунид меанҷомад.

  Мутаассифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намудан, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.
  Дар ин росто муассисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin