• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ронандаи навбатӣ барои кирдори зиддиҳуқуқӣ
Боздошти ронандаи навбатӣ барои кирдори зиддиҳуқуқӣ

Боздошти ронандаи навбатӣ барои кирдори зиддиҳуқуқӣ

  Санаи 4-уми октябри соли равон як нафар зани 35 солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ҷавонписари ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия», рақамҳои қайди давлатияш 2102 ЕА 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул буданаш санаи 1-уми октябри соли равон, тақрибан соатҳои 14:45 дақиқа нисбати муроҷиаткунанда беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбаташ ҳаракат ва суханҳои ғайриахлоқӣ изҳор намудааст.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи омӯзишу баррасии муроҷиати мазкур, нафари қонуншиканро боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки соҳиби автомашинаи боло зикргардида шаҳрванд Камолов Шералӣ Азизович соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён мебошад. Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат санаи 1 октябр муроҷиаткунандаро тавассути автомашинаи шахсиаш ҳангоми аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ 109 ба самти кӯчаи Лоҳутӣ интиқол доданаш, нисбати ҷавонзани 35 сола беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо кирдор ва рафторҳои ғайриахлоқиаш шаъну шарафашро паст задаст. Сипас дастгиршуда ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор гардида, барои дар минбаъда ба чунин аъмол даст назаданаш баёнот додааст.
  Дар натиҷа нисбати шаҳрванд Шералӣ Камолов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо дарназардошти маъюби гурӯҳи дуюм буданаш аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 350 сомонӣ таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin