• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаблан судшуда боз бо гумони мардумфиребӣ дастгир шуд
Қаблан судшуда боз бо гумони мардумфиребӣ дастгир шуд

Қаблан судшуда боз бо гумони мардумфиребӣ дастгир шуд

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни баррасӣ ва омӯзиши муроҷиати шаҳрвандон як нафар мардумфиребро дастгир намуданд, ки қаблан бо содир намудани ҷинояти қаллобӣ суд шудаву ислоҳнопазирии худро нишон дода, боз такроран ҷиноят содир намудааст.

  Ин нафар шаҳрванд Турсунов Абдумаҷид Буриевич, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошад, ки дар чанд маврид бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағҳои пулии онҳоро аз они худ кардааст.


  Аз ҷумла, аз шаҳрванд Қаландаров Муҳибулло, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод бо роҳи фиреб бо баҳонаи он ки писарашро аз маҳбас озод мекунад аз номбурда ба миқдори 90-ҳазор сомонӣ гирифта, дигар бозпас надодааст.
Ҳамчунин гумонбаршаванда бо идомаи кирдорҳои ҷиноятӣ дар якчанд ҳолати дигар низ аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои пулияшонро тасарруф намудааст.

  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва баррасии аризаҳои шикоятии шаҳрвандон дар кирдорҳои содирнамудаи гумонбаршаванда таркиби ҷиноят баръало мушоҳида гардида, дар баробари қаблан суд шудан ислоҳнашавандагии ӯро нишон медиҳад. Чунин афрод пешбурди зиндагиро танҳо дар ҷиноят ҷуста, дидаву дониста ба мардумфиребӣ машғул мешаванд, ки ин ҷурми онҳоро дар назди қонун вазнинтар мегардонад.
  Мавриди зикр аст, ки нафарони қаллобу мардумфиреб бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шаҳрвандонро аз они худ карда, мехоҳанд бо расонидани зарар ба дигарон худ зиндагии осоишта дошта бошанд, вале ҳар кирдоре дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад.
  Айни замон, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin