• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси марде, ки пайваста ҳамсарашро дашному ҳақорат мекард
Ҳабси марде, ки пайваста ҳамсарашро дашному ҳақорат мекард

Ҳабси марде, ки пайваста ҳамсарашро дашному ҳақорат мекард

  Меҳру муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар заминаи асосии пойдории оила ба шумор рафта, маҳз аз оилаи солим фарзандони барӯманд тарбия меёбад. Баръкси ҳол муноқиша ва нофаҳмиҳои ночизе байни зану шавҳар дар аксар маврид боиси азҳампошии оилаҳо гашта, кӯдакон бесаробону зиндаятим ва бесарпараст дур аз меҳру муҳаббати волидайн ба камол мерасанд.
  Кормандони мақомоти милитсия пойтахт, ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои номатлуб, ки муноқиша ва нофаҳмиҳои кучаке метавонад ба сарзадани ҳодисаву воқеаҳои нохуш анҷомад, пайваста фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.
  Аз ҷумла дар пайи баррасии муроҷити як нафар зан сокини ноҳияи Сино маҳаллаи Зарафшон, муайян карда шуд, ки шавҳари ӯ шаҳрванд Муқумов Эркинҷон Очилович соли таваллудаш 1969 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хонааш омада, ҳамсари худро дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи онро дар назди дигар аъзоёни оила паст мезадааст.
  Чунончӣ аз нишондоди номбурда бармеоянд, санаи 1-уми сенятбри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Чунин ҳолат мунтазам аз ҷониби гумонбаршуда ба вуқуъ пайваста, ҳамсари худро озору ӯқубат медодааст.
  Мавриди зикр аст, ки ҳар амалу кирдори инсон дар назди қонун ҷавобгарӣ дар пай дошта, мувофиқи кирдори содирнамудааш қонун ҷазо муқаррар мекунад. Ҳамин тавр нисбати шаҳрванд Муқумов Эркинҷон Очилович аз ҷониби кормандони милитсия бо моддаи 460 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати номбурда ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin