• Home »
  • ХАБАР »
  • Хизматбарии милитсионерони шаҳри Душанбе бо скутерҳои хизматӣ
Хизматбарии милитсионерони шаҳри Душанбе бо скутерҳои хизматӣ

Хизматбарии милитсионерони шаҳри Душанбе бо скутерҳои хизматӣ

  Аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати таъмини моддию техникии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар баробари сохта ба истифода додани биноҳои наву замонавии хизматӣ, ҳамзамон кормандони милитсия бо автомашинаҳои хизматӣ, велосипед, мототсикл, скутер ва дигар таҷҳизотҳои лозимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти хизматӣ таъмин карда мешавад.


  Мавриди зикр аст, ки дар доираи ислоҳоти милитсия ва дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия бо дастгириҳои бе воситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳизода Рмазон Ҳамро ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 20-адад скутерҳои наву замонавӣ тақдим гардида буд, ки имрӯз онҳо дар гулгашту хиёбон ва боғу дигар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ба таври шабонарӯзӣ ба хизмати патрулию дидбонӣ сафарбар карда шудаанд.


  Бояд тазаккур дод, ки чун дигар ҷузъу томи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи раёсат, новобаста аз вазъи боду ҳаво баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт, дар се баст дар хатсайрҳои муайяншуда ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбониро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла бо тақдим гардидани ин 20-адад скутер милитсионерони ин ниҳод боз ҳам фаъолияти потрулию дидбониро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматро дучанд кардаанд.


  Айни ҳол милитсионерони ин воҳиди мақомоти корҳои дохилӣ ба таври шабонарӯзӣ дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятиро пурзӯр намуда, аз сар задани ҳаргуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ва падидаҳои халалдоркунандаи симои пойтахт ҷилавгирӣ намуда, бо рафтору кирдор, донишу маърифат, ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ ва бо садоқатмандӣ ба давлату миллат дар пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ кимари ҳиммат бастаанд.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin