Садамаи марговар дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Пайкар”

Садамаи марговар дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Пайкар”

  Рӯзи 1-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бедилов Хуҷа Мирзоодилович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Истаравшан ба самти кӯчаи Бухорои пойтахт, дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Пайкар” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

  Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Талбов Раҳмдил Алибоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашина Хайруллоев Иззатулло Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin