• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии муомилоти ғайриқонунии 120 кг ангидриди кислотаи атсетат
Пешгирии муомилоти ғайриқонунии 120 кг ангидриди кислотаи атсетат

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии 120 кг ангидриди кислотаи атсетат

  Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо дастгир намудани гурӯҳи ҷиноятпеша, миқдори калони моддаҳои химиявии ба гурӯҳи перекурсорҳо мансуббударо аз муомилоти ғайриқонунӣ боз доштанд.

  Зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои прекурсорҳо, шаҳрвандон Мухаммедов Муҳаммадхон, соли таваллудаш 1991 ва Халилов Комилҷон, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз ва ронандаи кироякаш шаҳрванд Хайриддинов Илҳомиддинро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш гузоштани воситаҳои прекурсорҳо дастгир намуда, аз номбурдагон 10-адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шуданд.

  Дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки маводҳои мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад.
  Бояд тазаккур дод, ки ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.
  Мавриди зикр аст, ки зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз шаҳрванди давлати хориҷӣ ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, бо фурӯши он мақсади ба даст овардани маблағи калони пулиро доштанд.

  Дар ҳама маврид бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани пулу мол оқибати нохуб дошта, сабукфикриву ҳирси мол ба пушаймониҳо мебарад.
  Айни замон гумонбарон Мухаммедов Муҳаммадхон ва Халилов Комилҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin