• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии ҳолатҳои майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
Ошкорёбии ҳолатҳои майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Ошкорёбии ҳолатҳои майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

  Одобу рафтор ва кирдори накӯ ҳамеша инсонро воломақом ва дар ҷамъият пурэҳтиром месозад. Баръакси ҳол, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир намудан ва дар назди мардум шаъну шарафи дигаронро паст задан аз амалҳоест, ки дар баробари инсонро беобрӯ сохтан аз костагии ахлоқ ва сабукфикрии чунин афрод далолат медиҳад.
  Кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт, ҷиҳати пешгирии чунин амалу кирдорҳои ғайриахлоқӣ дар доираи амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуда, нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдоркунандагони симои пойтахт чораҳои муассир андешида истодаанд.
  Махсусан таъкид намудан ба маврид аст, ки содир гардидани ҷинояти майдаавбошӣ аз ҷониби ҷавонон дар марказҳои дилхушӣ, тарабхонаю қаҳвахонаҳо, бозорҳо, марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ боиси нигаронист, ки аз бефарҳангиву бемаданиятӣ ва костагии ахлоқи содиркунандагони он шаҳодат медиҳад. Давоми ҳафтаи ҷорӣ гурӯҳи кории созмондодашуда дар доираи амалиёти маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» корро дар ин самт ҷоннок намуда, 2 ҳолати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятиро дар ҳолати майдаавбошӣ муайян намуданд.
  Аз ҷумла санаи 4-уми сенятбри соли ҷорӣ дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ кормандони милитсия шаҳрванд Валиев Беҳрӯз Абдуллоевич соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадониро дастгир намуданд, ки номбурда дар ҳолати мастӣ дар тарабхонаи «Лондон» воқеъ дар кӯчаи Н. Қараюоеви н. Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати шаҳрванд Шоираи Мирзомурод беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ дода, шаъну шарафашро дар назди шаҳрвандон ва мизоҷони тарабхонаи мазкур паст задааст.
  Нисбати ҳуқуқвайронкунанда протоколи маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Беҳрӯз Валиев ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.
  Ҳамчунин, ба ҳамин монанд, шаҳрванд Достиев Бахтиёр Дониёрович соли таваллудаш 1983 ва Саймиддинова Зарина Наврӯзовна соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе каме пештар, санаи 2-юми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 20:30 дақиқа ҳангоми дар ошхонаи «Чинор» воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳузур доштанашон, дар ҳолати мастӣ бо пешхизмати ошхонаи мазкур дарафтода, нисбати ӯ дашномҳои қабеҳ намуда, оромӣ ва осудагии шаҳрвандонро халалдор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҳуқуқвайронкунандагон Бахтиёр Достиев ва Зарина Саймиддинова протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Коддекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гардид.
  Дар натиҷа, аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати Бахтиёр Достиев ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз ва нисбати шаҳрванд Саймиддинова Зарина ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 350 сомонӣ таъин ва ситонида шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки мақомоти корҳои дохилии пойтахт, дар доираи амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонуниву халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монда, аз шаҳрванрдон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳояшон ба мақомоти милитсия муроҷиат кунанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin