Ошкоршавии ҷинояти ғоратгарӣ

Ошкоршавии ҷинояти ғоратгарӣ

  Ҳадаф аз ҷавобгарии нафари ҷинояткор баҳри ислоҳи кирдори зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфноки чунин афрод равона гардидааст. Вале мутаассифона дар ҷомеа ҳастан нафароне, ки боз такроран даст ба ҷиноят мезананд, ки ҷавобгариро дар назди қонун вазнинтар мегардонад.

  Шаҳрванд Ҷумаев Ҳошим Абдулқосимович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ гарчанде қаблан ду маротиба ҷурмҳои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина ва авбошӣ суд шуда бошад, ҳам ин дафъа даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задаст.
Номбурда санаи 28-уми августи соли равон бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар маҳаллаи Гипрозем телефонии мобилии шаҳрванд Болтаев Ҳусниддин, сокини ноҳияи Темурмаликро бо баҳонаи ба рафиқаш занг задан гирифта, бозпас надода аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.


Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, гумонбаршаванда бо содирнамудани ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 15-ҳазор рубли русӣ зарар расонидааст.
Айни замон нисбати гумонбар бо моддаи 248 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, таштишоти пешакӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin