Нофаҳмиҳои лафзӣ ба кордзанӣ анҷомид

Нофаҳмиҳои лафзӣ ба кордзанӣ анҷомид

  Оқибати муноқишаву нофаҳмиҳои лафзӣ гарчанде ба ҳамагон ошкору маълум бошад, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд бархе афроде, ки аз сустиродагиву бесабрӣ ва кутоҳандешиву бадахлоқӣ байни ҳам муноқиша намуда, даст ба гиребон мешаванд.

  Ҳафтаи сипаришуда кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиноятеро ошкор ва нафари гумонбарро дастгир намуданд, ки бо сабабҳои ночизе байни ҳамдигар муноқиша намуда, оқибат ба кордзанӣ анҷомид.
  Шаҳрванд Турсунов Хушнуд, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳри Душанбе ба таъмири манзилҳои истиқоматӣ машғул аст, шаби 12-уми августи соли равон дар манзили истиқоматие, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ таъмир доштанд, байни ҳамкорон нофаҳмиҳои лафзӣ ба миён омада муноқиша кардааст. Номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корд мусаллаҳ гашта, шаҳрванд Исматов Анварро захмӣ мекунад, ки айни замон ҷабрдида бо бардоштани зарари вазнин ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки илму дониш ва муносибати хубу якдигарфаҳмӣ дар ҳама маврид ба манфиати кор буда, дар акси ҳол метавонад ба ҳодисаи нохушу нанговар анҷом ёбад.

  Айни замон нисбати гумонбаршаванда Турсунов Хушнуд бо моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардада, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin