Лату кӯб ва ғоратгарӣ

Лату кӯб ва ғоратгарӣ

  Ба Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Шаҳло Бобораҷабова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум дар он хусус ворид гардид, ки санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 5.30 дақиқа дар кӯчаи Назаршоев, шаҳрванд Алишерзода Умеди Алишер, соли таваллудаш 1996 бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус-350” -ро рабудааст.

  Бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур гумонбар дастгир гардида, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin