Забон донӣ, ҷаҳон донӣ!

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ!

  Ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани завқи забондонии ҷавонону наврасон, ки аз дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтурам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷузъу томҳои вазорат дар байни наврасону ҷавонон озмуни «Забономӯзӣ» ташкил ва баргузор гардидаистодааст. Аз ҷумла санаи 25-уми сентябри соли равон бо ибтикори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе озмуни мазкур дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо иштироки дар маҷмӯъ 96-нафар довталаб, аз ҷумла; аз забони англисӣ 65-нафар, забони русӣ 9-нафар ва забони олмонӣ 3-нафар,  дар сатҳи баланд баргузор ва бо муайян намудани беҳтаринҳо ҷамъбаст карда шуд.


  Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланду шаффоф баргузор намудни озмуни мазкур бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳайати комиссия дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамзамон аз ҳисоби устодони ботаҷрибаву забондони Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ таъсис ёфта, забондонии довталабон ва ҳунару истеъдоди ҳозирҷавобии онҳо баҳои арзанда ёфтанд.


  Дар озмуни мазкур 33-нафар курсантон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 49-нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт, 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. Тибқи талаботи низомномаи «Забономӯзӣ», забондонии довталабон дар се бахш санҷида шуда, аз байни курсантони Академияи ВКД, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ аз рӯи бахшҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуда, дар маҷмӯъ 21-нафар аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои иштирок дар озмуни давраи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.


  Чунин иқдоми роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин буда, дар баробари баланд бардоштани завқу салиқаи забономӯзиву забондонии наврасону ҷавонон, ҳамзамон донистани забонҳои хориҷӣ дар инкишофи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
  Давраи ҷумҳуриявии озмуни мазкур дар арафаи таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» баргузор гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin