• Home »
  • ҲАМКОРИ БО ҶОМЕЪА »
  • Генерал-майор Шариф НАЗАРЗОДА: «Аз ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳришинӣ пойтахти Тоҷикистон барои ҳама намунаи ибрат хоҳад буд»
Генерал-майор Шариф НАЗАРЗОДА: «Аз ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳришинӣ пойтахти Тоҷикистон барои ҳама намунаи ибрат хоҳад буд»

Генерал-майор Шариф НАЗАРЗОДА: «Аз ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳришинӣ пойтахти Тоҷикистон барои ҳама намунаи ибрат хоҳад буд»

 Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои  асосии кори  мақомоти милитсия ба шумор рафта, дар ин замина давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории мақомоти милитсияро бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷалби шаҳрвандон муҳайё намудааст.

 Бояд гуфт, ки аз чӣ гуна ба роҳ мондани фаъолияти кории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе метавон дар маҷмуъ ба фаъолияти ин мақомот дар тамоми ҷумҳурӣ баҳо дод. Зеро, барои мисол,  ҳар як сайёҳи хориҷӣ бо дидан ва мушоҳидаи фаъолияти кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба кори ин мақомот баҳо  медиҳанд. Баҳри огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти кории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал–майори милитсия Шариф НАЗАРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Шариф Назарзода, вазъи имрӯзаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои пеш дар кадом сатҳ қарор дорад?

Шариф Назарзода: Албатта, шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурӣ, яъне пойтахти кишвари азизамон-Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар он ба таври мунтазам ҷиҳати таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ саъю талош меварзанд. Имрӯзҳо бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз симои шаҳри Душанбе куллан дигаргун гашта, ба пешравию комёбиҳои назаррас дар тамоми самтҳо ноил гашта истодаем. Ба рӯйхати  10 пойтахти бо амну суботи ҷаҳон    шомил гаштани шаҳри Душанбе низ аз саъю талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, фаъолияти шабонарӯзии мақомоти қудратӣ, аз ҷумла, корҳои дохилӣ ва фарҳангу маданияти баланди шаҳрдории ҳар як сокини бонангу номуси пойтахти кишвар  гувоҳӣ медиҳад.

Баҳри ҳифзи ин гавҳари ноёб, яъне суботу амният тамоми мақомоти қудратӣ, аз ҷумла милитсияи пойтахт, ки масъулияти баланди таъмини тартиботи ҷамъиятиро дар маркази ҷумҳурӣ бар уҳда дорад,  саъю кӯшиши худро барои  пойдории сулҳу субот, пешгирии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ    равона кардаанд.

Бояд гуфт, ки бо пешравию тараққиёти рӯзафзуни илму техника  шахсони ҷиноятпеша низ тарзу усули содирнамоии ҷиноятро дигаргун намуда, шаклҳои наву замонавии бо роҳи ҷиноят ба даст овардани хостаҳои худро кашф мекунанд. Дар ин замина   кормандони милитсияи пойтахт пайваста аз паи такмили донишу малакаи касбии худ гашта, намегузоранд, ки дар ҳудуди пойтахт ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир шудаву фазои осоиштаҳолиро халалдор созанд.  Бо таҳлили вазъи ҷиноятӣ ва бо дастрасии маълумоти оморӣ метавон гуфт, ки содиршавии ҷиноят сол то сол дар ҳудуди шаҳри Душанбе кам мегардад. Маҳз дар давоми 7 моҳи соли равон аз рӯи тамоми категорияҳои ҷиноятҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 2334 ҷиноят   ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 ҷиноят кам аст.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз содиршавии кадом намуди ҷиноятҳо дар пойтахт  бештар ба  қайд гирифта мешаванд?

Шариф Назарзода: Аслан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, тибқи маълумоти оморӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида содиршавии тамоми категорияҳои ҷиноятҳо кам шудааст.   Дар ин давра кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар бахшу хадамоти   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати  иҷрои Қарори  Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли ҷорӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» як зумра чорабиниҳои пешгирикунандаро бо номи амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» ташкил ва роҳандозӣ намуданд.

Новобаста аз ин, шумораи бештари ҷиноятҳои содиршударо ҷиноятҳои молумулкӣ, яъне дуздиву қаллобӣ ташкил медиҳанд, ки бо ба роҳ мондани усулҳои фаврӣ сари вақт пеши роҳи он гирифта шуда, нафарони гумонбар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, давоми 7 моҳи аввали соли ҷорӣ 818 (2017-917) ҷинояти дуздӣ, 298 қаллобӣ (2017-305), 57 ҷинояти ғоратгарӣ (2017-45) ошкор ва ба қайд гирфта шуда, бо гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон дастгир ва зарари расонидашуда ба шаҳрвандон барқарор карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Наврасону ҷавонон неруи созанда ва ояндасози  давлату миллат буда, содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб миёни онҳо ҳамеша боиси ташвишу нигаронист. Мегуфтед, ки дар муқоиса бо солҳои 2016-2017 сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон  дар пойтахт чӣ гуна аст?

Ш.Назарзода:   Аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Дар ин замина кормандони мақомоти милитсияи пойтахт низ пайваста талош меварзанд, то пеши роҳи ҷинояткорӣ дар байни  наврасону  ҷавонон гирифта шавад, зеро он қисми бузурги ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Албатта, содир гардидани ҷиноят аз ҷониби  наврасону ҷавонон мояи нигаронист, зеро баъзе аз чунин афрод дар айни камолот худро ба гирдоби ҷиноят ғӯттавар сохта, ба номи худ ва пайвандон доғ меоранд ва  умри пурқимати худро дар пушти панҷараи маҳбас сипарӣ мекунанд.

Тавре зикр намудем, бо баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пурзӯр намудани робитаи милитсия бо ҷомеа сол то сол содиршавии ҷиноят дар байни ин қишри ҷомеа кам гардида истодааст, вале ин моро қаноатманд карда наметавонад. Мо баҳри решакан намудани ин мушкилот пайваста талош меварзем.

АМИТ «Ховар»: Ҷиночти авбошӣ, алалхусус авбошии гурӯҳӣ дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён як муддат боиси нигаронӣ гардида буд…

 Шариф Назарзода: Бале, ҳодисаи нангине, ки шаби 2 январи соли 2017 аз ҷониби ноболиғон- хонандагони муассисаҳои таълимии 43, 54 ва 101-и  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шудаву дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расиданд, бори дигар аз мушкилот дар кори  таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва  назорату масъулияти волидайну атрофиён дарак медиҳад.

Бо коркарди хабари оперативӣ кормандони милитсия ду гурӯҳи ҷавононро, ки мусаллаҳ бо ҳар гуна олоти ба сифати силоҳ истифодашаванда қасди содир намудани ҷиноят доштанд, дастгир намуданд. Маҳз фаъолияти баланди фаврӣ-хизматии кормандони милитсия сабаб гашт, ки пеши роҳи эҳтимоли содиршавии ҷиноятҳои вазнин гирифта шавад.

Бо омӯзиши сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда миёни ноболиғону ҷавонон ва робитаи сусти волидайн бо муассисаҳои таълимӣ, баҳри назорати низоми таълиму тарбия ва пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ, фармоиши сардори Раёсатро оид ба вобаста намудани кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ба тасвиб расонидем, ки мутобиқи он минбаъд ҳар як корманди милитсияи пойтахт ба муассисаҳои таълимии вобасташуда ҷавобгарӣ бар дӯш доранд.

Тибқи фармоиши мазкур, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ҳамчун  рӯзи муассисаи таълимӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон карда шудаст. Дар ин рӯз  кормандони вобасташуда дар муассисаҳои таълимӣ соати тарбиявӣ ва суҳбату вохурӣ баргузор мекунанд.

Дар тарбияи ҷавонон бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъолият баранд. Дар ин самт кор бурданамон даркор ва мушкилиро бартараф сохтанамон зарур аст. Ҳамчунин волидон набояд фарзандонро беназорат гузоранд. Зеро дар бештари ҳолатҳо беназоратӣ боиси аз хона бехабар баромадан ва бедарак гум шудани кӯдакону наврасон мегардад.

АМИТ «Ховар»:Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилот ва груҳҳои ифротгаро чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Шариф Назарзода: Баҳри пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, махсусан шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тамоми роҳу усулҳои фаъолияи фаврию профилактикиро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилот ва гурӯҳҳои ифротгаро танҳо дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 1265 маротиба суҳбату вохӯриҳои кормандони мақомоти милитсия бо фаъолону кормандони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе, донишҷӯёни донишгоҳҳои олию касбии техникӣ, бо муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  баргузор карда шудааст. Гузашта аз ин, ҷиҳати ба даст овардани маълумоти фаврӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон кормандони мақомоти милитсияи пойтахт фаъолияти шабонарӯзии худро ба роҳ мондаанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз ба дӯши кормандони милитсияи пойтахт масъулияти баланд вогузор гардидааст. Онҳо азкадом имтиёз ва дастгириҳо бархӯрдор ҳастанд?

Шариф Назарзода: Пойтахт, ки симои давлату миллат ба ҳисоб меравад, баҳри таъмини тартибот аз кормандони милитсия малакаи баланди касбӣ талаб карда мешавад. Ин масъулият шараф аст, ки бар дӯши кормандони милитсияи пойтахт вогузор карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо назардошти ин пайваста кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳама намуди дастгириву ғамхориҳо бархурдор ҳастанд. Баргузории «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт ҷамъбаст гардидаву ғолибони он аз ҷониби Раиси шаҳр қадрдонӣ карда мешаванд, аз таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба милитсияи пойтахт дарак медиҳад.

Гузашта аз ин, имрӯз кормандони милитсия бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд, ки ин ба баланд гардидани натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии милитсияи пойтахт сабаб гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Дар пешякчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд. Омодагии ҳайатишахсӣ ба баргузории онҳо чӣ гуна аст?

Шариф Назарзода:  Кормандони мақомоти милитсия дар баргузории тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.  Гузашта аз ин дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як зумра тадбирҳои мушаххас андешида ва амалӣ карда шуда, омодагии ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хеле дар сатҳи хуб қарор дорад. Мо боварӣ дорем, ки чорабиниҳои муҳими дар пешистода дар сатҳи хеле баланди ташкиливу назоратӣ гузаронида хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам генерал-майор, дар робита ба ҷашни бузурги миллӣ- соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ таманниёт доред?

Шариф Назарзода: Аз ҳама қиматар ва арзишмандтар барои ҳар як инсон ин Истиқлолият аст. Ҳамаи сокинони пойтахти кишвар ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки доимо дар фазои Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Ва мо фарзандони ин сарзамин содиқона ба Ватану миллат ва Пешвои муаззами худ хизмат карда бошем.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin