• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо тариқи ошкоро ғорат намудани телефони мобилӣ
Бо тариқи ошкоро ғорат намудани телефони мобилӣ

Бо тариқи ошкоро ғорат намудани телефони мобилӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт қарор доштанаш, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаҳои 252 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо тариқи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Сони-Эриксон”, ки арзишаш 15000-рубли русиро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Ҷавони гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin