• Home »
  • ХАБАР »
  • Авбошон дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд
Авбошон дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд

Авбошон дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд

  Санаи 9 уми сентябри соли равон тақрибан соати 18:20 дақиқа бо хабари қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оиди муайян намудани ходисаи рухдода, яъне муноқишаи гурӯҳӣ ба кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Сино сафарбар гардиданд.
  Баъд аз ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидан кормандони милитсия муайян намуданд, ки дар кӯчаи мазкур назди бинои тарабхонаи «Мумтоз» як гурӯҳ шаҳрвандон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандон Саидов Давлат Шералиевич, Саидов Нурулло Шералиевич ва Риоев Далер Пулодович дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.


  Зимни пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро муддати 15-20 дақиқа дағалона вайрон намуда, бо шаҳрвандон Абдуқодиров Улуғбек Алиҷонович ва Пиров Довуд Мустафоевич муноқиша ва онҳоро зери латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
  Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати мастӣ, дар тарабхонаву марказҳои дилхушӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ содир гардидани ҷиноятҳои авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон зоҳир мегардад, баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб кормандони милитсия тамоми чораҳои таъсиррасониро мавриди амал қарор медиҳад.
  Айни замон гумонбарон Саидов Давлат, Саидов Нурулло ва Риоев Далер дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin