• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии ҳолатҳои рафтори дағалона дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ
Ошкорёбии ҳолатҳои рафтори дағалона дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ

Ошкорёбии ҳолатҳои рафтори дағалона дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ

  Чӣ тавре дар гузоришҳои гузашта иттилоъ дода будем, дар доираи амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Одоби шаҳрнишинӣ» бо мақсади пешгирии ҳолатҳои муносибати дағалонаи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, авбошиву кирдорҳои зидддиҳуқуқӣ ва баланд бардоштани одобу ахлоқи ҷавонон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолият дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст.
  Давоми ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ якчанд далели ҳолатҳои ба майдаавбошӣ даст задани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар мавзеъҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе муайяну ошкор ва нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
  Аз ҷумла зимни хизматбарӣ кормандони милитсия муайян намуданд, ки санаи 8 сентябри соли ҷорӣ, дар назди бозори Меҳргони шаҳри Душанбе шаҳрванд Лутфуллоев Бахтиёр Аҳмедович соли таваллудаш 1976 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ронандаи автомашинаи муофиркашонии хатсайри 25 Шарипов Ҳадятулло ҷанҷолу муноқиша намуда, охиронро дашномҳои қабеҳ намуда, обрӯю эътибори ӯро дар назди мардум паст зада, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии атрофиёнро дағалона вайрон намудааст.
  Бо дарназардошти гуфтаҳои боло нисбати ҳуқуқвайронкунанда Луфтуллоев Бахтиёр Аҳмедович бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin