• Home »
  • ХАБАР »
  • Муроҷиатҳо бе баррасӣ намемонанд: Ҳабси ҷавонписари «тарбузфурӯш» барои таҳқири ҷавондухтар
Муроҷиатҳо бе баррасӣ намемонанд: Ҳабси ҷавонписари «тарбузфурӯш» барои таҳқири ҷавондухтар

Муроҷиатҳо бе баррасӣ намемонанд: Ҳабси ҷавонписари «тарбузфурӯш» барои таҳқири ҷавондухтар

  Санаи 5 сентябри соли ҷорӣ шаҳрванд Иброҳимова Аниса соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи яке аз муассисаҳои касбии пойтахт тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва санаи 6 сентбяр бо аризаи хаттӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, хостори ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудани як нафар ҷавонписари «тарбузфурӯш» гардид. Номбурда дар муроҷиаташ зикр намуд, ки санаи 5 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 14.00 дақиқа ҳангоми ҳаракат тариқи роҳи пиёдагард дар маҳаллаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ як нафар ҷавонписари тахминан 25 сола, ки ба фурухтани тарбуз дар бордони автомашинаи сабукрави тамғаи Некси аломати қайди давлатиаш 4345ЕМ01 машғул буд, нисбати муроҷиаткунанда суханҳои қабеҳ зада, шаъну шарафашро дар назди ҷомеа паст задааст ва ҳуқуқҳои фитрии охиронро поймол намудааст. Илова бар ин ҷавонписар таҳдид намудааст, ки дар сурати гапгардонӣ ӯро мавриди латукӯб қарор медиҳад.
  Дар натиҷа худи ҳамон рӯз, санаи 6 сентябр кормандони милитсия дар доираи баррасии муроҷиати мазкур ҷавонписари ба тарбузфурӯшӣ машғулбударо ҳамчунин воситаи нақлиёти дар ариза зикргардида ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душане дастрас намуда, аризаи мазкурро мавриди санҷиши пурра ва холисона қарор доданд.


  Зимни баррасии ариза муайян карда шуд, ки ҷавони ба тарбузфурӯшӣ машғулбуда, шаҳрванд Қурбонов Муҳаммадҷон Хуршедович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор мебошад ва автомашинаи болозикргардида ба рафиқи ӯ тааллуқ дорад. Ҳангоми додани баёнот шаҳрванд Қурбонов Муҳаммадҷон ваҷҳҳои дар аризаи муроҷиаткунанда инъикосгардидаро тасдиқ намуда, ба таври пурра иқрор гардид, ки дар ҳақиқат нисбати ҷавондухтари 19 сола беҳурматӣ зоҳир намуда, дар назди дигарон шаъну шарафашро паст зада, таҳдиди латукӯб намудааст.
  Бино ба далелҳои дастрасгардида нисбати Қурбонов Муҳаммадҷон бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
  Дар навбати худ санаи 6 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қурбонов Муҳаммадҷон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин ва барои ислоҳ гардидан ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.


  Дар робита ба ҳолати мазкур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва кирдорҳои ҷиноӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар саҳифаи Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат намоед. Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардида ба таври пуррагӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin