• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии вазъи ҷинояткории ноболиғон дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе
Баррасии вазъи ҷинояткории ноболиғон дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

Баррасии вазъи ҷинояткории ноболиғон дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

  Бо мақсади таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 июли соли ҷорӣ дар Машварати корӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе ва санаи 24 августи соли ҷорӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баён намуда буданд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе мулоқот ва вохурии озод доир намуд.


  Мулоқот дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардида, дар он роҳбарият ва масъулини Сарраёсат ва шуъбаҳои маориф, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳамаи 149 нафар директорон ва муовинони онҳо оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, роҳбарони синфҳои болоии муассисаҳои номбурда, намояндагони кумитаҳои кор бо падару модарони мактабҳо ва дигар масъулини кумитаҳои дар тарбияи ҳуқуқии наврасону ноболиғон манфиатдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
  Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ гардида, номбурда оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуда, ҷиҳати бартарафнамоии онҳо масъулини соҳаро вазифадор намуд.


  Дар идомаи мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо маърузаи таҳлилӣ ва истифода аз имкониятҳои текникӣ, тасвир-слайдҳо суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла ноболиғону хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, пешгирӣ намудан аз муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳии байниҳамдигарӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз силоҳҳои сард (ба монанди корд, кордча, дастчӯб – бо истилоҳи ҷавонон “бита”, дастчӯби оҳанин, кастет, палка ва ғайра асосан байни хонандагони ду ё якчанд мактаб) истифодаи ваколатҳои омӯзгорон ва кулли кормандони соҳаи маориф ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити ҷомеаи солим нисбат ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ҳарф зад.


  Сардори мақомоти милитсияи пойтхат аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем. Махсусан қайд намуд, ки дар ин ҷода саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Зеро ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.


  Шариф Назарзода дар идомаи суханрониаш аз вазъи ташвишовар ва тамоюли зиёдшавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, афзуд ки новобаста аз шароити комил ва ҳамаҷонибаи мактабу маориф дар пойтахти кишвар, ҳанӯз ҳам бархе аз ноболиғон аз раванди таълиму тарбия дур монда, дар натиҷа даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Чунон ки зикр намуд, танҳо дар давраи соли 2017 ва 8 моҳи соли ҷорӣ зимни баргузории 2400 амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД дар умум 10 392 нафар ноболиғон барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, ташриф овардан ба марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастрас карда шудаанд, ки аз ин шумора 6 336 нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.


  Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки дар доираи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишнӣ” ки дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” роҳандозӣ карда шудааст, гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуда, масоили вобаста ба таълиму тарбия, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, муайян намудани ноболиғони бепарастор, оворагард, талбанда, дар шароити номусоиди иҷтимоӣ ва оилаҳои носолим тарбиятгиранда ва дорои майли содирнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҷиноятпеша доштаро ба таври ҳамарӯза баррасӣ ва чораандешӣ карда мешавад.


  Сипас, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир ба мавзӯи меҳварии мулоқот, яъне таҳлили вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сухан карда, афзуд ки новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда бамаротиб афзудааст.
  Дар маъруза вазъи ҷинояткории хонандагон аз рӯи нишондиҳандаҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, шумораи хонандагони ҷиноятсодиркарда ва мактбҳои онҳо, таҳлили ҷиняоткории ноболиғон аз рӯи нишондиҳандаҳои ноҳиявӣ ба самъи иштирокчиён расонида шуд.
  Илова бар ин Шариф Назарзода доир ба вақт ва макони ҷиноятсодиркунии ноболиғон ҳарф зада, баён дошт, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар давраи 8 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифташуда 7.1%-и онҳо дар давраи аз соати 06:00 дақиқаи саҳар то 12:00 дақиқаи рӯз, 9,8% дар давраи соати 12:00 дақиқаи рӯз то 18:00 дақиқаи бегоҳ, 32,9% аз соати 18:00 дақиқаи бегоҳ то 24:00 дақиқаи шаб ва 50,2% аз соати 24:00 дақиқаи шаб то 06:00 дақиқаи субҳ содир карда шудааст. Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо наврасон аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур монда, бо истифода аз назорати суст ва бетарафии атрофиён ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд ва бо ин кирдорашон ба номи давлату миллат доғ меоранд.


  Тавре зикр гардид, дар асоси таҳлилҳои овардашуда бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои таассуфовар ва изтиробангези ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, аз ҷумла донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-теникӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани содиршавии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард ва муайяннамоии сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидкунанда Фармони махсуси сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23 феврали соли 2018 “Дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассиҳаои таълимии шаҳри Душанбе” ба тасвиб расида, расман 556 нафар кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҳайати аз 3 то 5 нафарӣ ба муассисаҳои таълимӣ вобаста гардиданд.
  Дар асоси Фармоиши мазкур рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар мақомоти милитсияи пойтахт “Рӯзи мактаб” эълон карда шуда, кормандони ба муассисаҳо вобастагардида ба мактабҳо ташриф оварда, ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чорабиниҳои судманди профилактикӣ ва суҳбату вохуриҳо доир менамоянд.


  Дар идомаи мулоқот дигар камбудиҳои соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти милитсяи пойтахт як қатор дастуру супоришҳо роҳандозӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin