• Home »
  • ХАБАР »
  • Гирифтани мукофотпулӣ аз ҳисоби ташкили фоҳишахона
Гирифтани мукофотпулӣ аз ҳисоби ташкили фоҳишахона

Гирифтани мукофотпулӣ аз ҳисоби ташкили фоҳишахона

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди Федератсияи Россия, марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Севастополи шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

  Номбурда, рӯзи 22-юми августи соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 18-уми августи соли 2018 бо ҳамин роҳ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 21-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin