Дуздидани таҷҳизотҳои мебелсозӣ

Дуздидани таҷҳизотҳои мебелсозӣ

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар шаҳрвандон: мардони 33 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 

Номбурдагон, дар давоми рӯзҳои аз 5 то 12-уми августи соли 2018, бо роҳи пинҳонӣ ба анборхонаи таҷҳизотҳои мебелӣ, воқеъ дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор, марди 23-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, якчанд намуди таҷҳизотҳо барои сохтани мебелро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 84 ҳазору 759-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin