Боздошти қаллоб

Боздошти қаллоб

  Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

  Номбурда, рӯзи 5-уми августи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 30000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати марди гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin