Шахсияти ронандаи ба ҳалокатрасида муайян гардид
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, санаи 27-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 01:05 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 ҷавони тахминан 22-25 солаи шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори манзили истиқоматии №463-и кӯчаи Лермонтов бархурдааст, ки мутаассифона ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардида, шахсияти ронанда ва сабабҳои садама муайян карда шуд.
Муайян гардид, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Боев Диловар Бахтиёрович соли таваллудаш 1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, автомашинаи худро дар нуқтаи шустушӯи нақлиёт барои шустушӯ гузошта рафтааст.
Дар натиҷа шаҳрванд Умарзода Ҳикматулло Неъматулло соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, ки дар ҳамон нуқтаи шустушӯи нақлиёт фаъолият дошт, автомашинаи номбурдаро худсарона бе иҷозати соҳиби воситаи нақлиёт гирифта дар кӯчаи болозикргардида бо суръати баланд идора намудааст, ки дар натиҷа ба садама дучор гашта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.