• Home »
  • ХАБАР »
  • Тафсилоти куштори ваҳшиёнаи шавҳар аз ҷониби зан
Тафсилоти куштори ваҳшиёнаи шавҳар аз ҷониби зан

Тафсилоти куштори ваҳшиёнаи шавҳар аз ҷониби зан

  Ҳамеша ва дар ҳама давру замон зан дар ҷомеа мавқеи махсуси худро дошта, ӯ ҳамчун модар шахсияти воломақому пурэҳтиром дониста мешавад. Зан, пеш аз ҳама бо рафтору кирдори накӯ ва иффату покии худ намунаи ибрат ва тарбиятгари фарзандон буда, дар акси ҳол ба як инсони манфур табдил меёбад. Қатли бераҳмонаи шаҳрванд Бегалиев Элмурод аз ҷониби ҳамсараш Буриева Бунёда ва дар хонаи хоб зери хок кардани ӯ аз ваҳшонияту бадсириштии ин зан далолат медиҳад.
  Мавриди зикр аст, ки ҳар амалу кирдори ҷиноятӣ дер ва ё зуд ошкор гардида, нафари ҷинояткор дар назди қонун ҳатман ҷавоб мегуянд.
  Шаҳрванд Бегалиев Элмурод соли таваллудаш 1987 зодаи ноҳияи Шаҳринав аз моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия ҳамчун шахсияти бедарак ғайбзада дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Гарчанде тамоми қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ баҳри дарёфт намудани шахсияти дар ҷустуҷӯ қарордошта равона гардида бошад ҳам, вале натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда нашуд.
  Сипас аз рӯи ҳодисаи бедарак ғайб задани шаҳрванд Бегалиев Элмурод санаи 2-юми феврали соли 2017 аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104-И Кодекси ҷинояти (одамкушӣ) боз градида, барои муайян намудани ҷинояти ноаён гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомотҳои Прокуратура ва милитсия сафарбар карда шуданд.


  Кормандони милитсияи пойтахт дар ин муддат зимни коркард ва пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фарзияҳои гуногуни тафтишотии ғайб задани шаҳрванд Элмурод Бегалиевро мавриди санҷиш қарор дода, ахиран парда аз рӯи ҷинояти дигареро бардоштанд, ки воқеан боиси таассуф ва нанг аст. Дар натиҷа кормандони милитсия бо далелҳои қатъӣ исбот намуданд, ки шаҳрванд Элмурод Бегалиев ба ҳеҷ як маконе ғайб назада, риштаи умри уро ҳамсараш маҷбуран канда намудааст.


  Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Буриева Бунёда соли таваллудаш 1984 сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда моҳи сентябри соли 2016 дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи А.Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади ба қатл расонидани шавҳараш Бегалиев Элмурод ба ӯ доруҳои мадҳушкунандаро гузаронида аз ҳолати хоб будани ӯ истифода бурда, бо санг якчанд маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа шавҳараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


  Баъдан, гумонбаршаванда Бунёда Буриева замини қисмати кунҷии ҳуҷраи хобашро канда, ҷасади шавҳараш Элмурод Бегалиевро таги хок карда, аз болояш бо семент ҳамвор кардааст, ки ин ҳолатҳоро санҷиши нишондоди ҷои ҳодиса, ки аз ҷониби грӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ гузаронида шуд, исбот намуд. Дар вақти азназаргузаронии ҳуҷраи хоби зани номбурда устухонҳои ҷасади шаҳрванд Бегалиев Элмурод дарёфт гардида, барои гузаронидани ташхис ба ниҳодҳои ташхисию криминалистӣ супорида шудааст.

  Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin