Беҳудагардии шаб ҷавононро ба ҷиноят бурд

Беҳудагардии шаб ҷавононро ба ҷиноят бурд

  Бо гумони он ки шабона содир намудани ҷиноят аз назарҳо ниҳон мемонад, баъзе аз афроди ҷиноятпеша барои амалӣ намудани ҳадафи нопоки худ торикии шабро интихоб карда, ба дуздиву роҳзанӣ машғул мешаванд. Аммо бо фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия, кирдори ҷиноятӣ дер ва ё зуд ошкор ва нафарони ҷинояткор дастгир мегарданд.

  Як гурӯҳи ҷавонон, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ боздошт шуданд.
  Инҳо шаҳрвандон Шермуҳаммади Бозор ва Мухторов Исмоил, солҳои таваллудашон 1995, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ даст ба ҷинояткорӣ задаанд.


  Аз ҷумла шаби 31-уми июли соли равон гумонбарон дар маҳаллаи Гипрозем ба шаҳрванд Дамиров Маҳмадзариф дарафтода дар баробари ӯро буғӣ ва зери лату кӯб қарор додан ҳамзамон гумонбаршуда Мухторов Исмоил бо корд ҷабрдидаро захмӣ карда, телефони мобилияшро рабудаанд.
  Гумонбарони ин ҷиноят кирдорҳои зиддиҷамъиятии худро идома дода, дар кӯчаи Борбад низ бо таҳдиди зуроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Давлатов Абдуғаффор ки 1070 сомонӣ арзиш доштааст, аз они худ кардаанд.

  Мавриди зикр аст, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани се лаҳзаи ҷинояти дуздӣ низ гумонбар дониста мешаванд. Онҳо бо роҳи пинҳонӣ аз якчанд автомашинаи боркаш акумулятори онҳоро ба яғмо бурдаанд.


  Бори дигар дар кирдори содир намудаи ин ҷавонони кутоҳандеш маълум гардид, ки беҳудагардии шабона ва гумони ба даст овардани маблағи муфт, оқибати хуб надошта баръакс инсонро ба роҳи хато ва ҷиноят тела медиҳад. Акнун онҳоро мебояд барои амалҳои худ дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin