Содир намудани 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари 50 000 сомонӣ
Бо шикастани тиреза аз дохили автомашина рабудани маблағҳои пулӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишманд барои нафарони фурсатталабу ҷиноятпеша василаест, ки бо ин роҳ мехоҳанд манфиати муфт ба даст оранд. Як нафар ҷиноятпеша, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе асосан бо шикастани тирезаҳои автомашина ҷиноят содир мекард, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдасӣ дастгир карда шуд.
Ин нафар шаҳрванд Шоҳрухи Ҳотам, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, гарчанде қаблан бо ҷурми дуздӣ маҳбасӣ гардида бошад, ҳам боз дидаву дониста ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул гардидааст.
Чунончӣ, номбурда санаи 11-уми июли соли равон бо шикастани тиреза аз дохили автомашинаи шаҳрванд Розиқов Фирӯз ду адад телефони мобилӣ ва акумулятор, ки дар маҷмӯъ 2-ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ба яғмо бурдааст.
Ҳамчунин гумонбаршаванда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» маблағи пулии 2-ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба шаҳрванд Миралиев Мирзо зарари ҷиддӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, дастгиршуда Шоҳрухи Ҳотам бо содир кардани зиёда аз 20 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон наздики 50 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шукуров Сироҷиддин