Пиёдагард! Ҷони худро дар хатар нагузор!

Пиёдагард! Ҷони худро дар хатар нагузор!

  Бо таъмиру азнавсозии роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, шароити ҳамлу нақл беҳтар гардида, барои убури пиёдагардон роҳҳои зеризаминиву аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ пурра насб гардидаанд. Дар баробари ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, вале ҳамоно ҳастанд ронандагон ва махсусан пиёдагардоне, ки дағалона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, ки дар бештари маврид маҳз нодида гирифтани аломатҳои роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад.

  Кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт рейду санҷишҳо гузаронида, пиёдагардоне, ки бо як бемасъулиятӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд, мувофиқи моддаи 340 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6-сомонию 25-дирам ҷаримабандӣ карда мешаванд. Мутаассифона ҳамоно ҳастанд нафароне, ки талаботи қонуни мазкурро нодида гирифта, ба вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд.


  Чунончӣ дар вақти гузаронидани рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, баъзе аз шаҳрвандон аз ҳар ҷое, ки хоҳанд роҳро убур намуда, дар баробари бо телефони мобилии худ ба бозӣ машғул гардидан, ҳамзамон бо садои баланди гушмонак мусиқӣ гуш карда аз ҷойи номуқарраргаштаи роҳ мегузаранд, ки ин амал пеш аз ҳама ба ҷони худи шаҳрванд хатари ҷиддӣ дар пай дорад. Чуноне, ки аз таҳлилҳо бармеоянд, дар баъзе маврид пиёдагардон ҳангоми аз роҳ гузаштан вазъияти хавфнокро ба вуҷуд оварда, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ низ гаштаанд.

  Бо зикри ин матлаб, бори дигар аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, то ҷони худро дар хатар нагузоранд. Роҳро аз ҷойҳои муқарраршуда ва эҳтиёткорона убур намоянд, зеро шитоби як лаҳзаина метавонад як умр шуморо ранҷур кунад. 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin