Пиёдагад зери чархи автомашинаи гаронарзиш ба ҳалокат расид

Пиёдагад зери чархи автомашинаи гаронарзиш ба ҳалокат расид

  Санаи 26-уми июни соли 2018, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА”, рақами қайди давлатиаш 4545ВН01, Боймуродов Шуҳрат Муродалиевич соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи Исмоили Сомонӣ, аз тарафи хиёбони Рудакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон дар рӯ ба рӯи Маркази савдои Баракат аз ӯҳдаи идора намудани автомашина набаромада, пиёдагард – марди тахминан 35-40 сола, шахсияташ номаълумро аз пой зада меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ҳангоми дастрас намудан ба беморхона ба ҳалокат мерасад.


  Кормандони милитсияи пойтахт оиди муайян намудани шахсияти дар садамаи нақлиётӣ ҳалокгардида маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор намуда, дар натиҷа шахсияти ҷасадро муайян намуданд, ки ӯ шаҳрванд Расулов Суҳроб Толибович соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошад.
  Айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin