Пешсудшуда боз ҷиноят содир кард

Пешсудшуда боз ҷиноят содир кард

  Баъзан нафарони ҷиноятпешаву фурсаталаб аз беназорат гузоштани автомашинаи шаҳрвандон суистифода карда, барои амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ мезананд.
  Шаҳрванд Умаров Фахриддин Рузибоевич соли таваллудаш 1977 истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ ва дуздӣ суд шудааст, боз чандест дар ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи шикастани тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандон маблағҳои пуливу дигар ашёҳои гаронарзиши шаҳрвандонро ба яғмо мебурд.
  Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо дарёфти хабари оперативӣ зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурдаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсиладуздиҳо дастгир намуданд.


  Чунончӣ зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ӯ дар 5-ҳолат ба ҷинояти дуздӣ даст зада, ба шаҳрвандон зиёда аз 10-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
  Ҳаминтавр, номбурда санаи 1-уми июли соли равон тирезаи автомашинаи тамғаи «Рав-4», ки ба шаҳрванд Қ. А. тааллуқ дорад шикаста, аз дихилаш таҷҳизотҳои компютериро тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 5625-сомонӣ зарар расонидааст.


  Ҳамчунин гумонбаршаванда аз утоқи кории шаҳрванд П. Я. соли таваллудаш 1995 2 –адад ноутбук, ки дар маҷмӯъ 3500 сомонӣ арзиш доранд, азони худ карда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.


  Дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок содир гардидани ҷиноят аз ҷониби гумонбар Умаров Фахриддин ҷурми онро дар назди қонун вазнинтар намуда, ӯро мебояд баҳои кирдорҳои содирнамудаашро пардозад. Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin