• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкор намудани 8 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Ошкор намудани 8 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

  Баҳри таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.

   Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 16 то 22 июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3531 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 8 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 26 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 164 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 131 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 20 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 15 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 80 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 71 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 79 адад;
-Вазъияти хавфнок – 16 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 257 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 7 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 557 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2081 адад;
  Мавриди зикр аст, ки гарчанде ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнинтар гардида бошад ҳам, вале ҳануз ҳам ронандагоне ҳастанд, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намуда ба дағалтарин қоидавайронкунии роҳу нақлиёт даст мезананд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ҳакимов Мустақим Баҳромович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Зефира, рақами қайди давлатиаш 2319OD01

 

Қутбиддинова Саида Файзуллоевна – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш  5764АТ01

 

Абдураупов Фахриддин амонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 0435АЕ03

 

Рабизода Сомонҷони Самӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел –Астра, рақами қайди давлатиаш 9699АН08

 

Расулов Маҳмадзоҳир Салехович – ронандаи автомашинаи тамғаи Чанху, рақами қайди давлатиаш 2890ВЕ07

 

Ҷамолов Валит Ҷумаевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 6546ТТ05

 

Бобоҷонов Ҷамшед Муродалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4088ЕЕ01

 

Фарзонаи Элмурод- ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, рақами қайди давлатиаш 0777Х001

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin