• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии ҷинояти ғоратгарӣ бо зарари 380 000 сомонӣ
Ошкорёбии ҷинояти ғоратгарӣ бо зарари 380 000 сомонӣ

Ошкорёбии ҷинояти ғоратгарӣ бо зарари 380 000 сомонӣ

  Муташаккилона бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз зуроварӣ содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби афроди ҷиноятпеша василаест барои ба даст овардани маблағу даромади муфт. Кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти ғоратгариеро ошкор ва гумонбари онро дастгир намуданд, ки зарари расонидашуда ба ҷабрдида 380-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


  Маҳз коркард ва пешбурди усулҳои оперативӣ ба кормандони Шуъбаи 1-и дар ноҳияи Сино имкон фароҳам овард то парда аз рӯи ин ҷиноят бардошта шавад. Бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ шаҳрванд Мавлавиев Умедҷон Азизбекович соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Нафасов Бахтиёр санаи 13-уми июли соли равон дар кӯчаи Яккачинор, назди даромадгоҳи бинои истиқоматии рақами 142 паноҳ бурда, ба хонаи шахсиаш омадани шаҳрванд Ҷумаев Маҳмудро, ки дар дасташ маблағҳои пулӣ вуҷуд дошт, интизорӣ мекашанд.


  Баъд аз ворид гардидани ҷабрдида ба дохили бинои истиқоматӣ тибқи маслиҳати пешкӣ гумонбарон ба ӯ дарафтода, маблағҳои пулияшро рабудаанд.
  Ғанимати бе меҳнат ба даст омадаро Мавлавиев Умед бо ҳаммаслаки худ Бахтиёр, ки айни зхамон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор дорад, байни ҳам тақсим кардаанд. Пасон гумонбаршуда Умед бо гумони аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан, хонаеро ба иҷора гирифта бо рафиқи худ шаҳрванд Ибрагимов Фаридун ба ишрат машғӯл шудаанд.
  Маҳз ҳирси пулу мол ин ҷавонони кутоҳандешро ба гирдоби ҷиноят ғуттавар намуд, ки акнун барои амалҳои содир намудаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
  Ҳоло нисбати дастгиршудагон бо моддаи 248 (Ғоратгарӣ) Коддекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin