Ошкоршавии ҷинояти ғоратгарӣ

Ошкоршавии ҷинояти ғоратгарӣ

  Ҷинояти ғоратгарӣ, яъне ба таври ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр ба ҳисоб рафта, дар ҷомеа баъзан нафароне ҳастанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд маблағи муфт ба даст оранд.
  Фаъолият ва коркардҳои оперативии кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ буд, ки ҳамчун гумонбар барои содир намудани якчанд ҳолати ҷинояти ғоратгарӣ шаҳрванд Шербинин Александр Александрович сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Номбурда санаи 15-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар маҳаллаи 46-ум дар назди маркази савдои «Дунё – 88» ба шаҳрванд А. С. дарафтода гарданбандашро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
  Инчунин кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз дар кӯчаи Н. Қарабоев ба шаҳрванд Я. Қ. дарафтода, гарданбанди ӯро низ ба таври зурӣ аз они худ намуда, бо ин кирдори содир намудаи худ ба ҷабрдидагон ҷамъ ба маблағи 6400 сомонӣ зарари молӣ расонидааст.
  Айни замон нисбати гумонбар бо моддаи 248 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикисвтон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, таштишоти пешакӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin