• Home »
  • ХАБАР »
  • Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи авали соли 2018-и милитсияи пойтахт
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи авали соли 2018-и милитсияи пойтахт

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи авали соли 2018-и милитсияи пойтахт

  Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату хукумат ва иҷроиши қарору протоколҳои мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид. Дар машварати оперативӣ-хизматӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
   Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва уҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.


  Бояд тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти оперативӣ-хизматии худро ҷиҳати таъмини ичроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳ монда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе нақши калидӣ дорад.
  Зимни баргузории ҷаласа қайд карда шуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва шумораи зиёди ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шудаанд. Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе таъмин карда шуданд.


  Дар машварати оперативӣ-хизматии мазкур, ҳар як сардори Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромад намуда, аз фаъолият ва натиҷаҳои хизматии худ, ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок ҳисобот доданд. Бо қаноатмандӣ аз фаъолияти милитсияи пойтахт, сардори раёсат иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан аз ҳар як корманди милитсия тақозо карда мешавад, то дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монад.


  Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт бори дигар аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал овард то дар муносибат бо шаҳрвандон, махсусан меҳмонону гардишгарони хориҷӣ бодиққат бошанд, зеро бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа шумораи сайёҳон дар кишвари мо зиёд хоҳад шуд. Дар ин замина баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ӯҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳамзамон ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сардори раёсат ба роҳбарони ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи авали соли 2018, як қатор қарорҳо ва нақша-чорабиниҳои мушаххас барои амалигардонӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ қабул гардиданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin