• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ
Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

  Дуздӣ аъмоли ношоиста ва кирдори ҷиноятиест, ки баъзе аз афроди кутоҳандешу сабукфикр барои ба даст овардани маблағу даромади муфт ба ин кирдор даст мезананд. Махсусан аз ҷониби ноболиғ, содир шудани ҷиноят ташвишовар буда, аз муҳити оилаи носолим, бемасъулиятии бархе аз волидайн ва бетарафии атрофиён дарак медиҳад.
Дастгир гардидани ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Ҳисор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ собит намуд, ки дар баъзе маврид маҳз хостори даромади муфту истироҳати яклаҳзаина биси соидир намудани ҷиноят гардидааст.


  Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки ноболиғи дастгиршуда, саннаи 9-уми июли соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ғафуров Ашурмурод соли таваллудаш 1972 воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гардида, аз он ҷо 22 600 сомонӣ маблағи пулии номбурдаро тасарруф намудааст. Баҳри аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос шудан номбурда, ба вилояти Суғд панаҳ бурда, як қисм маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро сарф намудааст.


  Баъд аз дастгир шудан аз ҷониби кормандони милитсия аз ӯ 7-ҳазор сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта нисбаташ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin