• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо суистифода аз боварӣ содир намудани қаллобӣ
Бо суистифода аз боварӣ содир намудани қаллобӣ

Бо суистифода аз боварӣ содир намудани қаллобӣ

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 35-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017 ҳангоми дар бозори “Фаровон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов қарор доштанаш, ду бародар – мардони 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 37 ҳазору 980-сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

  Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2016, ҳангоми дар маҳаллаи 82-юм қарор доштанаш, зани 56-солаи сокини ноҳияи Файзобод, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180-адад дари байниҳуҷравиро ба маблағи 54000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 50-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2016, зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 62000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin