Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  16-уми июли соли 2018, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамға ва шахсияташ номаълум, ҳангоми бо кӯчаи Б.Ғафуров аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳаракат намуданаш, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии кӯчаи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Юсуфова Фазила Самиевна, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Синоро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Дар натиҷа, ҷабрдида Юсуфова Ф.С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ карда шудааст. 
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аксент”, Мирзоев Акмал Саидмуродович, соли таваллудаш 1987, ҷойи кораш ҶДММ “Олуча-Авто”, сокини кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани садамаи мазкур дастгир карда шуд. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin