Боздошти ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

Боздошти ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 29-уми июни соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Газел”, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ беназорат меистод, 4000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат, хонандаи синфи 8-уми МТМУ, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. 

  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin