• Home »
  • ХАБАР »
  • Бартараф намудани ҳолатҳои сархушии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
Бартараф намудани ҳолатҳои сархушии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Бартараф намудани ҳолатҳои сархушии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

  Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мақолаи дар сомонаи «Ахбор.ком» таҳти унвони «Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона? 10 акси мастҳои Душанбе» инъикос гардидаро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки зимни санҷиш дар ҳақиқат баъзе ҳолатҳои дар мавод инъикос гардида, дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян ва ошкор карда шуд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вобаста ба бартараф намудани ҳолатҳои дар сомонаҳо инъикос гардида, аз ҷумла дар ҳолати сархушӣ ҳозиршавии шаҳрвандон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳо ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳусни зоҳирии шаҳри Душанберо коста мегардонанд, гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки ҳамарӯза ба хизмат сафарбар карда мешаванд. 

  Зимни фаъолияти хизматӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ низ якчанд ҳолатҳои зимни мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хоб кардани шаҳрвандон ошкор карда шуда, шаҳрвандони мазкур ба Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. 
  Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки дастгиршудаҳо шахсони беҷои истиқомати доимӣ (БОМЖ) набуда, аксарияти онҳо сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе буда, соҳиби хонаву дар ва зану фарзанд низ мебошанд.
Аз ҷумла:

  Собиров Баҳриддин Улмасович, соли таваллудаш 23.10.1968, истиқоматкунандаи кӯчаи Фединаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

 

  Зиётов Пирназар Холмуродович, соли таваллудаш 25.03.1964, истиқоматкунандаи кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

 

   Пулатов Алексей Владимирович, соли таваллудаш 23.08.1972, бе ҷои зисти муайян (БОМЖ);

 

  Алимардонов Шодмон Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 09.09.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор;

 

  Шеров Сафаралӣ Назаралиевич, соли таваллудаш 23.03.1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ;

  Дар робита ба ҳолатҳои мазкур милитсияи шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои пайдо намудани чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба телефонии боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 хабар диҳанд, зеро ҳозиршавии чунин гурӯҳи одамон ба ҳусни зоҳирии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе костагӣ ворид мекунад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin